Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 17-уми июл то 17-уми август дар толори дафтари кории Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (
SDC
) дар Тоҷикистон намоишгоҳи асарҳои расомонни оҷик – падару писар Сулаймон ва Озар Шарифӣ баргузор мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кори
SDC
дар ҶТ иттилоъ доданд, падару писар дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ, аз қабили графика, аксбардориву видео ва санъати муҳиму муосир асарҳо эҷод месозанд ва дар як қатор намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ширкат варзидаанд. «Асарҳои рассомони тоҷик феълан дар осорхонаҳои хусусии шахсони алоҳида дар Аврупо, ИМА, Русия ва Тоҷикистон қарор доранд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ дар муддати як моҳ рӯзҳои душанбе то ҷумъаи ҳафта аз соати 9-и субҳ то 17.30 дақиқаи шом фаъолият дошта, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз он боздид намоянд.



