Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ӯҳдадориҳои марбут ба ифтитоҳи шабакаи ягонаи телевизиони форсизабононро ба иҷро расонид.
Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси шабака бинои мувофиқ ҷудо гардида, Оиннома, Муқаррарот ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии зарурӣ таҳия шудааст. «Аз ҷониби кишварҳои ҳаммуассис – Афғонистону Эрон низ баъзе иқдомот сурат гирифтанд, вале онҳо чандон назаррас нестанд», – таъкид сохт ӯ.
А.Раҳмонов афзуд, шояд ин ба бӯҳрони молӣ ва мушкилоти молиявӣ марбут бошад, вале тайи се моҳи ахир барои таъсиси шабакаи мазкур ҳеҷ коре ба иҷро нарасидааст.


