Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва коммуникатисияи ҶТ Абдураҳими Ашӯр бо такя ба маълумоти рейтинги созмони байнулмилалии «Нақлиёти автомобилӣ» изҳор дошт, ки роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳи хатарноктарин дар ҷаҳон аст. «Ҳамасола дар ин роҳ ҳодисаҳои зиёди садамаи нақлиёт рух дода, шаҳрвандони бисёре ба ҳалокат мерасанд ва аллакай дар нимсолаи аввали соли равон шумораи фавтидгон дар ин роҳ ба 16 нафар расид», – гуфт ӯ.
Дар мавриди қарори ҳукуматдорон бобати пулакӣ кардани истифодаи роҳ, номбурда гуфт, чунин иқдом бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти мусофиронро таъмин хоҳад кард. «То ҳанӯз арзиши маблағи истифодаи роҳ маълум нест, вале ин масъала мавриди ҳаллу фасли мутахассисони вазорат дар ҳамроҳӣ бо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қарор дорад», – афзуд вазир.


