Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ барои духтарон маркази бӯҳронӣ ташкил мекунад

Date:



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ният дорад, ки «Маркази бӯҳронӣ ва дастгирии ҳуқуқии духтарон»-ро ташкил намояд.





           

Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали раиси кумитаи мазкур Қимматгул Аллабердиева гуфт, маркази мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи «Пешгирии харидуфурӯши кӯдакон ва духтарон» бо дастгирии Комиссияи Аврупо, ЮНИФЕМ, Маркази ҳуқуқӣ барои кӯдакони Бритониёи Кабир ва бевосита ҳукумати ҷумҳурӣ ифтитоҳ мегардад. «Дар марказ муддати 6 моҳ духтарони ҷабрдида аз зӯроварӣ ё харидуфурӯш бо омӯзишу таълим ва дастгирии равониву ҳуқуқӣ фаро гирифта мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Қ.Аллабердиева, пас аз анҷом давраи барқароршавӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи барнома духтарон бо кору манзили зист таъмин гардида, чунин марказҳо боз дар 10 шаҳру ноҳия ифтитоҳ мегарданд. «Маблағи амалисозии барнома 500 ҳазор Евроро ташкил дода, барои 3,5 сол пешбинӣ шудааст ва масоили татбиқу ҳамоҳангсозии он ба дӯши Кумитаи кор бо занон ва оила вогузор шуд», – афзуд муовини раиси кумита.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...