Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни гуфтушуниди раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор гардид, ки бонки мазкур бахши хусусии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, гуфтушунид бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бахши хусусии ҷумҳурӣ ва баррасии масоили ҳамкорӣ барпо гардид. «М.Оҷиро таъкид сохт, ки баҳри кор дар Тоҷикистон сармоягузорони хусусиро ҷалб хоҳад кард», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Ш.Саид таъкид сохтааст, ки аксари намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна ва тиҷорати хусусӣ узви ПСС мебошанд ва мебояд маҳз онҳоро бо қарзҳои имтиёзнок таъмин намуд, зеро дар замони бӯҳрони молӣ таҷрибаи андӯҳтаи онҳо қобили истифода хоҳад буд.



