Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрии чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Русияву Покистон ва Афғонистону Покистон, ки ахири ҳамин моҳ дар Душанбе доир мегардад, ба масъалаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов мегӯяд, дар мулоқот масъалаи аз ҷониби Русия дастгирӣ ёфтани ин лоиҳа баррасӣ шуда, худи Русия низ ба татбиқи ин лоиҳа манфиатдор аст, зеро интиқоли барқро аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (75 фоизи саҳмияаш ба Русия тааллуқ дорад) ба ин кишварҳо ба роҳ монданист.
М.Ҳақдодов таъкид сохт, ки амалисозии лоиҳаи
CASA
-1000 барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он, ҷумҳурӣ баҳри содироти нерӯи барқ дар мавсими тобистон имконияти бештаре пайдо хоҳад кард. «Сохтмони хати баландшиддати барқи
CASA
-1000 ояндаи наздик шурӯъ мешавад», – афзуд муовини вазир.



