Вазири умури дохилии ҶТ: Вазъ дар Тавилдара орому босубот аст



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки вазъ дар ноҳияи Тавилдара ва гирду атрофи он орому босубот буда, сокинони минтақа ба корҳои рӯзмарраи худ машғуланд. «Айни замон дар дараҳои кӯҳии ноҳия корҳои ҷустуҷӯ ва пайдо намудни аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки ахиран ин мавзеъҳоро макони будубош қарор дода буданд, идома доранд», – гуфт ӯ.





           

А.Қаҳҳоров зикр кард, ки узви гурӯҳи ҷиноятпеша қариб комилан нест карда шуда, танҳо се нафари онҳо то ҳанӯз ҷустуҷӯ карда мешаванд. «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи далелҳои ҳодисаҳои ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара аз рӯи якчанд моддаи КҶ ҶТ, аз ҷумла «роҳзанӣ», «убури ғайриқонунии марзи давлатӣ» ва «созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша» парвандаи ҷиноӣ боз намуданд», – изҳор дошт вазир.




           

Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфт, панҷ нафар шаҳрвандони Русия, ки рӯзи 16-уми июл зимни задухӯрди мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд, моҳи апрел тавассути хатсайри ҳавоии «Санкт-Петрбург – Душанбе» ба Тоҷикистон омадаанд. «Дар анҷоми тафтишот узвияти онҳо ба ягон ҳаракате ё ҳизбе муайян карда хоҳад шуд», – афзуд А.Қаҳҳоров.


spot_imgspot_img

Популярное