Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ муовини директори Маркази идораи Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ Маърифат Абдуллоева изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ буда, дар ҷараёни татбиқи он аллакай 2 млн. 250 ҳазор $ маблағ азхуд карда шудааст. «То имрӯз аз 17 млн. доллари амрикоии аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои амалисозии ин лоиҳа ҷудогардида, беш аз 15 млн. $ азхуд карда шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи М.Абдуллоева, бо назардошти татбиқи пурсамари лоиҳа, Бонки ҷаҳонӣ барои ҷудо кардани боз 5 млн. $ ба ин лоиҳа омодагӣ изҳор кардааст ва маблағи мазкур ба татбиқи он қисматҳои лоиҳа, ки қаблан пешбинӣ шуда буданду бар асари бӯҳрони молӣ иҷрои онҳо мавқуф гузошта шуда буд, равона хоҳад гардид.
Намояндаи марказ Назира Фатҳуллоева гуфт, дар доираи амалисозии лоиҳа 19 иншооти бахши тандурустӣ таъмиру ба истифода дода шуда, сохтмони 36 иншооти дигар, аз ҷумла марказҳои солимгардонӣ дар деҳот ва хонаҳои беҳдошт дар арафаи анҷомёбист.



