Намояндагони Тоҷикистон бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергетикии Лаос шинос шуданд

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ намояндагони баландпояи мақомоти бахши энергетика ва мутахассисони бахши фаннии Тоҷикистон баҳри табодули таҷриба ва шиносоӣ бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергеткии давлати Лаос таҳти унвони «Нам Теун 2» аз ин кишвар боздид карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ иттилоъ доданд, табодули таҷриба ва шиносоӣ дар доираи баррасии масоили иродаи сиёсии омода сохтани кишвар ба амалисозии лоиҳаи бузург чун «Нам Теун 2» ва дарки асосҳои фундаменталии табдили лоиҳа барои ноил гардидан ба рушди устувор сурат гирифтааст. «Намояндагони Тоҷикистон аз майдони татбиқи лоиҳаи мазкур, ки қариб 1 млн. гектарро ташкил медиҳад, боздид намуда, бо вазъу ҳолати воқеии он аз наздик ошно гардиданд», – гуфт манбаъ.




           

Лоиҳаи бузургтарини давлати Лаос дар соҳаи рушд ба маблағи 1,5 млрд. $ лоиҳаи гидроэнергетикиест дар Лаоси Марказӣ бо иқтидори 1070 мегаватт. Дар давраи консессионии 25-сола татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 2 млрд. $ даромад ба даст оварда шавад ва ин маблағро ҳукумати Лаос баҳри татбиқи лоиҳаҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист истифода хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...