Намояндагони Тоҷикистон бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергетикии Лаос шинос шуданд

            Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ намояндагони баландпояи мақомоти бахши энергетика ва мутахассисони бахши фаннии Тоҷикистон баҳри табодули таҷриба ва шиносоӣ бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергеткии давлати Лаос таҳти унвони «Нам Теун 2» аз ин кишвар боздид карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ намояндагони баландпояи мақомоти бахши энергетика ва мутахассисони бахши фаннии Тоҷикистон баҳри табодули таҷриба ва шиносоӣ бо лоиҳаи бузургтарини гидроэнергеткии давлати Лаос таҳти унвони «Нам Теун 2» аз ин кишвар боздид карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ иттилоъ доданд, табодули таҷриба ва шиносоӣ дар доираи баррасии масоили иродаи сиёсии омода сохтани кишвар ба амалисозии лоиҳаи бузург чун «Нам Теун 2» ва дарки асосҳои фундаменталии табдили лоиҳа барои ноил гардидан ба рушди устувор сурат гирифтааст. «Намояндагони Тоҷикистон аз майдони татбиқи лоиҳаи мазкур, ки қариб 1 млн. гектарро ташкил медиҳад, боздид намуда, бо вазъу ҳолати воқеии он аз наздик ошно гардиданд», – гуфт манбаъ.




           

Лоиҳаи бузургтарини давлати Лаос дар соҳаи рушд ба маблағи 1,5 млрд. $ лоиҳаи гидроэнергетикиест дар Лаоси Марказӣ бо иқтидори 1070 мегаватт. Дар давраи консессионии 25-сола татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 2 млрд. $ даромад ба даст оварда шавад ва ин маблағро ҳукумати Лаос баҳри татбиқи лоиҳаҳои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист истифода хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.