ЮСАИД ба амалисозии барномаи «Робитаҳои ҷомеаи Тоҷикистону Амрико» шурӯъ кард

Date:



           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (ЮСАИД) ва Шӯроҳои Амрико оид ба маорифи байнулмилалӣ эълом доштанд, ки ба амалисозии барномаи «Робитаҳои ҷомеаи Тоҷикистону Амрико» шурӯъ мекунанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, татбиқи барнома дар байни намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна сурат хоҳад гирифт. «Дар доираи амалисозии барнома дар асоси баргузории озмуни кушод баҳри гузаштани тренинг дар ИМА 10 нафар мутахассисон аз шаҳру ноҳияҳо интихоб карда мешаванд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, номзадҳо бояд бо як навъи тиҷорати миёна ё хурд бо шумули истеҳсол, коркард, маркетинг ва содирот дар бахши кишоварзӣ машғул буда ё бояд корманди фаъоли иттиҳодияҳои тиҷоратии соҳаи кишоварзӣ бошанд. «Барои иштирок дар озмун донистани забони англисӣ ҳатмӣ нест», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...