М.Яқубова: Аксари оилаҳои камбизоат дар вазъи осебпазир қарор дошта, ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ниёз доранд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи «Занони бахши улуми Тоҷикистон» моҳи июл дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси хадамоти кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ» дар маҳаллаҳои «Бӯстон-2» ва «Бадахшон-2»-и пойтахт миёни гурӯҳҳои мақсаднок як силсила тренингҳои маърифатӣ доир намуданд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.             Чӣ тавре ки […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи «Занони бахши улуми Тоҷикистон» моҳи июл дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси хадамоти кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ» дар маҳаллаҳои «Бӯстон-2» ва «Бадахшон-2»-и пойтахт миёни гурӯҳҳои мақсаднок як силсила тренингҳои маърифатӣ доир намуданд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа ва раиси иттиҳодия Муҳиба Яқубова иттилоъ дод, дар ҷараёни баргузории тренингҳо маълум шуд, ки зиёда аз 50 дарсади иштирокдорон аз донишҳои оддии ҳуқуқӣ огаҳӣ надоранд. «Шаҳрвандон аз чӣ гуна ҳуҷҷатгузорӣ кардани гирифтани кӯмакпулиҳову нафақа ва ҳалли мушкилоти хусусияти ҳуқуқӣ дошта чизе намедонанд», – гуфт ӯ.




           

М.Яқубова мегӯяд, аксари сокинони маҳаллаҳои номбурдаи пойтахт камбизоат буда, аз машваратҳои ҳукуқии пулакӣ ва дигар кӯмакҳои ҳуқуқӣ истифода бурда наметавонанд. «Дар доираи чорабиниҳои татбиқи лоиҳа хати телефонии боварӣ амал мекунад, ки тавассути он 91 нафар шаҳрвандон бо мушкилоти гуногун ба мо муроҷиат карданд», – изҳор дошт вай.




           

М.Яқубова афзуд, лоиҳа бо мақсади дар заминаи марказҳои ҷамъиятии чаҳор ноҳияи пойтахт таъсис додани хадамоти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри осебпазиру камбизоати аҳолӣ амалӣ мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.