М.Яқубова: Аксари оилаҳои камбизоат дар вазъи осебпазир қарор дошта, ба кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ниёз доранд

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи «Занони бахши улуми Тоҷикистон» моҳи июл дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси хадамоти кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ» дар маҳаллаҳои «Бӯстон-2» ва «Бадахшон-2»-и пойтахт миёни гурӯҳҳои мақсаднок як силсила тренингҳои маърифатӣ доир намуданд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа ва раиси иттиҳодия Муҳиба Яқубова иттилоъ дод, дар ҷараёни баргузории тренингҳо маълум шуд, ки зиёда аз 50 дарсади иштирокдорон аз донишҳои оддии ҳуқуқӣ огаҳӣ надоранд. «Шаҳрвандон аз чӣ гуна ҳуҷҷатгузорӣ кардани гирифтани кӯмакпулиҳову нафақа ва ҳалли мушкилоти хусусияти ҳуқуқӣ дошта чизе намедонанд», – гуфт ӯ.




           

М.Яқубова мегӯяд, аксари сокинони маҳаллаҳои номбурдаи пойтахт камбизоат буда, аз машваратҳои ҳукуқии пулакӣ ва дигар кӯмакҳои ҳуқуқӣ истифода бурда наметавонанд. «Дар доираи чорабиниҳои татбиқи лоиҳа хати телефонии боварӣ амал мекунад, ки тавассути он 91 нафар шаҳрвандон бо мушкилоти гуногун ба мо муроҷиат карданд», – изҳор дошт вай.




           

М.Яқубова афзуд, лоиҳа бо мақсади дар заминаи марказҳои ҷамъиятии чаҳор ноҳияи пойтахт таъсис додани хадамоти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри осебпазиру камбизоати аҳолӣ амалӣ мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...