Сӯхтори азим дар бозори «Шоҳмансур»

Date:

Душанбе. 10-уми май. «Азия-Плюс»  — Дар яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», ки миёни мардум ва меҳмонони пойтахт бештар бо номи «Зелёний» маъруф аст, сӯхтори азиме сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор шаби 9-уми майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста, дар майдони 300 метри мураббаъ ошхона ва клуби бозии билярдро нобуд сохтааст. «Ба дастаҳои оташнишонии ҳозиршуда муяссар гардид, ки хатари паҳншавии оташ ба нуқтаҳои фурӯши гирду атрофро пешгирӣ намоянд», – гуфт сарчашма.

Зикр гардид, ки бинобар муайян сохтани сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида рӯзи 9-уми май бозори «Шоҳмансур» баста шуда буд.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ, соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 269 ҳодисаи сӯхтор (ҳамин давраи соли гузашта – 182 ҳодиса) ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 9 нафар ҳалок ва 59 тан осеб дидаанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...