Қатъи фаъолияти портали видеоии «Стан Медиа» дар Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти   

шарики шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон – «Стан Медиа» қатъ гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дафтари душанбегии «Стан Медиа» Акрам Абдуқаҳҳоров хабар дод, дар қаламрави Тоҷикистон филиалҳои «Стан Медиа» дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд фаъолият доштанд.

Ба гуфтаи А.Абдуқаҳҳоров, огоҳии қатъи фаъолияти портали видеоӣ ба кормандони «Стан Медиа» дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми май аз дафтари асосии «Стан Медиа» дар Бишкек расидааст. «Қатъи муваққатии фаъолияти портали видеоӣ ба мушкилоти молиявӣ марбут аст ва то замони дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ, портал баста хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, бо ҳамин сабаб дар дафтари асосии портали видеоии «Стан Медиа» низ реҷаи маҳдуди пахш роҳандозӣ шудааст.

Вақти пахши барномаҳои шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон «Стан Медиа» 12 соат дар як шабонарӯз ва аудиторияи имконпазири он 350 млн. нафарро ташкил медод. Шабакаи телевизионии мазкурро асосан сокинони Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, аҳолии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия ва аҳолии русзабони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ тамошо мекарданд. Тавассути пахши моҳвораӣ шабакаи телевизионии мазкур дар саросари ҷаҳон дастрас аст.

Шарики шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон – «Стан Медиа», ки дафтари асосии кориаш дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) воқеъ аст, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аз соли 2009 ба фаъолият пардохт. Дар намояндагии «Стан Медиа» сдар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд 16 нафар кормандон машғули кор буданд. Шабака ба тамошобинон маводу гузоришҳои иттилоотиву таҳлилӣ ва фарҳангиву таърихӣ пешниҳод мекард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки портали видеоии мазкур мушкилоти марбут ба бахшҳои гидроэнергетикаву экология ва масоили дар муҳосираи сунъии роҳи оҳан қарор додани Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистонро ба таври муассиру фаъолона инъикос мекард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...