М. Маҳмадаминов: Дар Тоҷикистон ҳамасола 30-35 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад

Date:

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни шарҳи моҳияти ворид сохтани тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор дошт, ки тайи панҷ-шаш соли ахир дар Тоҷикистон ҳамасола 30-35 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонуни амалкунанда, минбаъд маъюбоне, ки кӯмакпулии давлатӣ мегиранд, бекор эътироф карда мешаванд, зеро мувофиқи қонунгузорӣ, онҳо низ ба кор кардан ҳуқуқ доранд. «Ҳукумати ҷумҳурӣ сохторҳои давлатиро ӯҳдадор кард, ки барои қабули маъюбон ба кор квотаҳо ҷудо созанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар бекорон кӯмакпулӣ мегиранд. «Мутобиқи тағийрот, ба қонун, агар шаҳрванди бекор аз ду ҷойи кории ба ӯ пешниҳодшуда даст кашад, ба ӯ кӯмакпулӣ оид ба бекорӣ пардохта намешавад», – таъкид кард Маҳмадаминов.

Дар ҷаласа вакилони парлумон ҳамчунин Созишнома миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Австрия дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя, Созишнома миёни кишварҳои узви ИДМ дар бораи тартиби таъмини молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Нерӯҳои дастаҷамъона оид ба таъмини сулҳ дар ИДМ-ро низ тасдиқ карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...