Нишасти садамавии ҳавопаймои ТУ-154 дар фурудгоҳи пойтахт

Date:

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Фурудгохи байнулмилалии Душанбе тамринҳои муштараки кулли хадамоти фурудгоҳ ва хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба корҳои наҷотдиҳӣ доир гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, мутобиқи фарзия, дар тамрин хадамот наҷотдиҳии 50 нафар мусофирон аз ҳавопаймои оташгирифта зимни нишаст ба фурудгоҳро амалӣ сохтанд. «Амалиёти наҷотдиҳӣ дар якчанд марҳила сурат гирифта, мутахассисони хадамоти гуногун малакаҳои оташнишонӣ, наҷотдиҳии мусофирон ва расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабридидагонро сайқал доданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли М.Шодиев, тамриноти ба ин монанд хеле муҳиму рӯзмарра буда,  ҳамасола ду-се маротиба гузаронида мешаванд ва зимни он дақиқиву муназзамӣ ва ботартиб будани корҳои дастаи наҷотдиҳандагон зимни садамаҳо санҷида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...