Дар Душанбе вазири мудофиаи Русияро интизоранд

Date:

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Душанбе ташрифи вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюковро интизоранд.

«Интизор меравад, ки вазири мудофиаи Русия рӯзи 24-уми июни соли равон бо сафари дурӯза вориди Душанбе хоҳад шуд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии пойгоҳи низомии муқими Душанбеи 201-уми Русия дар назар аст. «Ҷонибҳо ният доранд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд», – афзуданд дар Вазорати мудофиаи кишвар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...