Б.Ҳабибов: Ҷалби қарзҳои хориҷӣ бояд асоснок бошад

Date:

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов бар ин назар аст, ки ҷалби қарзҳои хориҷӣ барои кишвари дар ҳоли рушд қарордошта чун Тоҷикистон зарур аст, вале он аз ҷиҳати иқтисодӣ бояд асоснок шуда бошад.

«Қарзҳо бояд то он дараҷае асоснок шуда бошанд, ки мо бояд бидонем, ки кай ба мо манфиат меоранд, зеро мо ин қарзҳоро бояд бо фоизҳояш баргардонем. Лекин аз кадом ҳисоб? Ман то ҳанӯз ҳеҷ асоси дақиқи баргардонидани қарзеро пас аз 10 ё 20 сол мушоҳида накардаам. Кӣ кафолат дода метавонад, ки пас аз 10 сол мо бой мешавему ин қарзҳоро барммегардонем», – мегӯяд ӯ.

Ҳабибов зикр намуд, ки ҷалби қарзҳо бояд бо он асоснок гардад, ки мо оянда аз онҳо даромаде ба даст орем, то ки аз ҳисоби он қарзҳоро баргардонем. «Ба мо мегӯянд, ки ҷалби сармоя ба бахши энергетика аз ҳисоби боло бурдани тарофаҳо ба нерӯи барқ рӯйпӯш карда мешаванд, вале кӣ бо ин тарофаҳо арзиши нерӯи барқро пардохт мекунад?. Оё аҳолии камбизоати мо қодир аст, ки бо чунин нархи гарон арзиши нерӯи барқро пардохт созад», – суол медиҳад ӯ.

Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон афзуд, зимни ҳисобу китоби ин ё он қарз бояд натанҳо рушди пешбинишудаи иқтисод, балки ҳаҷми даромади аҳолӣ низ ба эътибор гирифта шавад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 987 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ахири соли 2010 ба миқдори 45 млн. доллари ИМА бештар аст. Айни замон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 31,6%-ро ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯиҳои Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар охири соли равон ба 2,2 млрд. доллари ИМА баробар хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...