Суғд: Ҳалокати як тан бар асари сӯхтор

Date:

Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаби 13 ба 14-уми июл дар ду бинои истиқоматии шаҳри Чкаловски вилояти Суғд сӯхтор сар зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят хабар доданд, сӯхтор дар бинои истиқоматии № 65-и кӯчаи Осипенко соати сеи шаб ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи шамоли сахт он ба бинои истиқоматии ҳамсоя гузаштааст. Майдони умумии сӯхтор, ки ду бинои манзили истиқоматиро фаро гирифт, 180 метри мураббаъро ташкил додааст. Ба сӯхторнишинони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда муяссар гардидааст, ки дар муддати якуним соат оташро пурра хомӯш кунанд.

«Бар асари сӯхтор сокини 33-солаи бинои истиқоматии № 65 Илҳом Даминов ба ҳалокат расид. Айни замон сабабҳо ва ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор муайян карда мешаванд. Танҳо маълум аст, ки ба сӯхторнишинон муяссар гардидааст, ки амволи арзишманд ба маблағи 32 ҳазор сомониро аз оташ эмин нигаҳ доранд», – афзуд манбаъ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...