Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон барои баррасии шикояти инфиродии шаҳрвандон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуд. Дар ин бора зимни баргузории машварат оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ зери унвони «Масоили муҳими бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикисто» роҳбари шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музафар Ашӯров хабар дод.
Тавре Музаффар Ашӯров зикр кард, 3-юми октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Женева баррасии Гузориши универсалии марҳилавӣ оид ба Тоҷикистон доир мегардад ва мақомоти давлатӣ баҳри иштирок дар ин чорабинии муҳим ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.
Дар робита ба масъалаи тартиби баррасии арзу шикояти инфиродии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, М.Ашӯров гуфт, ахиран шумори чунин арзу шикоят дар ҳоли афзоиш аст.
«Тавсияҳои аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон фиристодашуда бобати арзу шикояти инфиродӣ ба мо расиданд. Бо мақсади баррасӣ ва пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи онҳо, бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ аз ҳисоби намояндагони Додгоҳи Олӣ, Додситонии кулл, Вазорати адлия, ВКД, КДАМ ва вазорату идораҳое, ки арзу шикоят бевосита ба онҳо мансуб аст, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд», – гуфт ӯ.
«Мо ба хубӣ дарк месозем, ки айни замон корҳо оид ба баррасии шикоятҳои инфиродӣ ғайриқаноатбахш аст, – изҳор кард Ашӯров. – Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ дар фурсати наздик ба фаъолият шурӯъ мекунад. Минбаъд мо бояд дар самти муайян кардани ҳолатҳои ҳар як шикояти инфиродӣ ва баррасии тамоми ҷузъиёти он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки аз номи ҳукумати кишвар оид ба онҳо посухи мушаххас ва пурра омода карда шавад».
Директори Фонди ҷамъиятии «Нота бене» Нигина Баҳриева ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсонро муҳим арзёбӣ кард
«Айни замон ба Тоҷикистон 22 қарори Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи шикояти инфиродӣ фиристода шудаанд. Мутаассифона, ҳеҷ яке аз онҳо баррасӣ нашудааст», – гуфт ӯ.
Маълумотнома: Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҳамасола дар шаҳри Варшава оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба Меъёри Инсонӣ машварат доир менамояд, ки дар он намояндагони кишварҳои узв ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирдиҳам меоянд. Машварати омодагӣ дар Тоҷикистон ба намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муколама шароит фароҳам меоварад. Ин муколамаҳо моҳҳои сентябру октяри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава идома меёбанд.


