Ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи Русияву Тоҷикистон

Date:

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ахири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир мегардад.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласа баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон, баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва роҳандозии механизми назорат  аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар назар аст.

«Дар нимсоаи аввали соли равон зимни баргузории амалиётҳои муштарак кормандони милисаи Русия 44 нафар шахсонеро, ки дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноёти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон супурданд», – мегӯяд А.Қаҳҳоров.

Дар идома вазири корҳои дохилӣ таъкид кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон дар натиҷаи баргузории ду амалиёти муштараки кормандони мақомоти милисаи Русияву Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 12 кило маводи саххтаъсири героини афғонӣ мусодира гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...