Оғози корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-марзи Ӯзбекистон

Date:

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | ояндаи назди амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон, ки масофааш беш аз 60 километр аст, оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон хабар доданд, сабаби аслии муддати се моҳ мутаваққиф шудани оғози татбиқи лоиҳа дар он аст, ки мебоист 300 хонаҳои дар канори роҳ воқеъбуда аз байн бардошта мешуд.

«Айни замон ин мушкилот ҳал гардида, соҳибони хонаҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шуданд», – гуфтанд дар марказ.

Бино ба иттилои манбаъ, барои амалисозии лоиҳаи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳудуди 186 млн. доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки 120 млн. $ – ҳиссаи Бонки осиёгии рушд, 39 млн. $ – саҳми Тоҷикистон ва 27 млн. $ – ҳиссаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аст.

Дар посух ба суоли он, ки оё ин роҳ пас аз таҷдид пулакӣ мешавад, манбаъ посухи мушаххасе надод. «Ба ҳалли масъалаи мазкур Марказ салоҳият надошта, ин ҳуқуқи мустаснои ҳукумат аст», – афзуд сарчашма. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...