«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба сохтмони якчанд иншоот 150 млн. $ маблағгузорӣ кард

Date:

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сохтмони як қатор иншоотро ба ӯҳда дорад, ки арзиши умумии онҳо 150 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ин корхона Амонулло Ҳукумов.

А.Ҳукумов зикр кард, ки айни замон қитъаи роҳи оҳани нави Душанбе-Қӯрғонтеппа идома дорад, ки баҳри анҷоми он хароҷоти 129 млн. $ маблағ дар назар аст.

«Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооте чун театри тобистона ва чойхона дар Боғи ботаники Душанбе, бинои нави истгоҳи Хонақоҳ, бинои нӯҳошёна дар пойтахт, бинои сеошёнаи Хонаи истироҳат дар Сарбанд (вилояти Хатлон), бинои дуошёнаи Хонаи истироҳат дар Шаҳристон (вилояти Суғд) идома дошта, ба муносибати ҷашн хатсайр нави байнулмилалии Хуҷанд-Маскав ифтитоҳ мегардад», – гуфт раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Зирк гардид, ки ғайр аз ин, корхона оғози сохтмони вокзали нави роҳи оҳани Душанберо ба нақша гирифтааст, ки ба он 4 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...