Вазорати молия: Даромади бюҷет ба андозаи 3% барзиёд иҷро шуд

Date:

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қисмати даромади бюҷети Тоҷикистон ба андозаи 3% барзиёд иҷро гардид.

Ба қавли вазир, ҳаҷми даромад дар моҳҳои январ-июни соли равон 4 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нақша 115,3 млн. ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,4 млрд. сомонӣ зиёдтар аст. «Сарфи назар аз ин, дар нимсолаи аввал ҷалби ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ барои воридоти маблағ ба бюҷет муяссар нашуд, – гуфт ӯ. – Аз ҷумла, аз рӯйи чор намуди андоз нақша ба иҷро нарасид».

С.Наҷмиддинов таъкид сохт, ки иҷрои қисми даромади бюҷет ба таъмини хароҷот дар ҳама самтҳо имкон фароҳам овард.

«Қисми хароҷоти бюҷети давлатӣ дар ин давра бо назардошти маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо ва қарзи давлатӣ 3,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 млрд. сомонӣ бештар аст. Аз ин ҳисоб ба бахши иҷтимоӣ 1,5 млрд., аз ҷумла соҳаи маориф 593,3 млн., бахши ҳифзи иҷтимоӣ – 512 млн. ва соҳаи фарҳангу варзиш 166 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд», – зикр кард вазири молия.

Ёдрас мекунем, ки соли равон қисми даромади бюҷет дар ҳаҷми 8,3 млрд. сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблаги 8,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардида, касри бюҷет дар соли 2011 ба 300 млн. сомонӣ баробар аст.

Вазири молия ҳамчунин иброз дошт, ки бюҷети соли равон бо нигаҳдории тамоили зиддибӯҳронӣ дорои хусусияти иҷтимоӣ аст, зеро 48% ё худ 4,1 млрд. сомонӣ ба маблағгузории бахши иҷтимоӣ, таъмини пардохти нафақа ва маоши кормандони соҳаи бюҷетӣ равона мегардад. «Қисми хароҷоти бюҷети соли оянда барои бахши иҷтимоӣ ба андозаи 31,2% ё худ 857,6 млн. сомонӣ нисбат ба соли равон зиёдтар аст», – афзуд С.Наҷмиддинов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...