Мададпулии якдафъаинаи раиси пойтахт ба беш аз 5 ҳазор эҳтиёҷмандон

Asia-Plus

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд ба ифтихори фарорасии 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин моҳи шарифи Рамазон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси қарорҳои дахлдори худ 5057 нафарро бо мададпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид. Тавре ба ОИ […]

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд ба ифтихори фарорасии 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин моҳи шарифи Рамазон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси қарорҳои дахлдори худ 5057 нафарро бо мададпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр ва фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 2172200 (ду миллиону яксаду ҳафтоду ду ҳазору дусад) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 202 нафар иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба андозаи 600 сомонӣ, ба 123 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 500 сомонӣ, ба 414 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, ба 118 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), ба 169 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ба 296 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, ба 6 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва ба 928 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунад ба ҳар кадом ба андозаи 450 сомонӣ ва ба 2798 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 400 сомонӣ мададпулии яквақта дода мешавад.

Дар ин росто муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор гардидаанд, ки маблағҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо аёдати шахсӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 на дертар аз 18-уми августи соли 2011 дастрас намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?