Президент ба сохтмони як обанбори бузург дар Кӯлоб ҳусни оғоз бахшид

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафари худ ба шаҳру навоҳии Кӯлоб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кўлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург ҳусни оғоз бахшид.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ин обанбор барои […]

Asia-Plus

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафари худ ба шаҳру навоҳии Кӯлоб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кўлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург ҳусни оғоз бахшид.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ин обанбор барои оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.

 Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад. Ин обанбор дар майдони 65-70 га доман паҳн намуда, имкон дорад, ки 14 миллион метри мукааб обро дар худ нигоҳ дорад.

 Оянда баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз ин обанбор шаҳри Кўлоб бо оби нўшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин гардида мардуми шаҳр аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд ва ҳам мушкили таъмини оби нўшокию обёри заминҳои кишт бартараф мешавад.

 Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нўшокӣ ва корези шаҳри Кўлоб нав карда мешавад.

Дар ҷараёни сафар сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин аз ноҳияи Мӯъминобод боздид намуда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо фаъолон ва аҳолии ноҳия ба суолҳои сершумори онҳо посух гуфт.

Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер