Мусодираи миқдори зиёди героини барои иниқол ба Русия пешбинишуда дар Суғд

Аваз Юлдошев

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 32 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин мусодира гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории як амалиёти муваффақонаи кормандони агентӣ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи байнулмилалии ҷиноятпешаи […]

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 32 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории як амалиёти муваффақонаи кормандони агентӣ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи байнулмилалии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ карда шуд.

«Аъзои гурӯҳ – шаҳрванди 37-солаи Қирғизистон зимни додани маводи мухаддир дар бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванди 27-солаи Русия, сокини шаҳри Томск ва истиқоматкунандаи 46-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шуданд», – гуфтанд дар агентӣ.

«Дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки онҳо дар шаҳри Маскав вохӯрда, барои интиқоли маводи мухаддир ба Русия маслиҳати пешакӣ карда будаанд. Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз онҳо ба миқдори 31 килову 421 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.