Сигарети хомӯшнакарда ба сӯхтор дар манзили зист боис гардид

Аваз Юлдошев

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Соати сеи субҳи имрӯз бар асари сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе Любов Яковлевнаи 57-сола ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД хабар доданд, сӯхтор бар асари он сар задаст, ки зани ҳалокшуда сигарети дар дасташ бударо […]

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Соати сеи субҳи имрӯз бар асари сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе Любов Яковлевнаи 57-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД хабар доданд, сӯхтор бар асари он сар задаст, ки зани ҳалокшуда сигарети дар дасташ бударо хомӯш накардааст.

«Сӯхтор майдони 20 метри мураббаъи манзили зистро фаро гирифта, хисороти расида аз он 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад», – гуфтанд дар сарраёсати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, соҳиби хона – модари ҳалокшуда Анна Сказкина ва ду нафар меҳмононро оташнишинон саривақт наҷот додаанд ва онҳо ҳеҷ ҷароҳати ҷиддие набардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Сарраёсати мазкур дар робита ба масъалаи сабабҳои рӯзи 8-уми август дар бозори «Корвон»-и пойтахт сар задани сӯхтор хабар доданд, ки комиссияи махсус муддати 10 рӯз сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.