Нақшаи кишти такрорӣ барзиёд иҷро шуд

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Кишоварзони тоҷик дар майдони аз зироати ғалладона, сабзавот ва полезиҳо озодшуда нақшаи кишти такрориро ба андозаи 116% ба иҷро расониданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то ба имрӯз дар ҳолати ба ҳудуди 70 ҳазор гектар баробар будани нақшаи кишти такрорӣ, деҳқонони ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Кишоварзони тоҷик дар майдони аз зироати ғалладона, сабзавот ва полезиҳо озодшуда нақшаи кишти такрориро ба андозаи 116% ба иҷро расониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то ба имрӯз дар ҳолати ба ҳудуди 70 ҳазор гектар баробар будани нақшаи кишти такрорӣ, деҳқонони ҷумҳурӣ дар майдони умуми 81 ҳазору 624 гектар кишти такрориро ба анҷом расонидаанд.

Аз майдони умумии кишти такрорӣ дар майдони 39 ҳазору 123 гектар зироати ғалладона, 8,8 ҳазор – сабзавот, 2,6 ҳазор – зироати полезӣ, 2,7 ҳазор – зироати техникӣ, 27,7 ҳазор – хӯроки чорво ва 64,5 ҳазор гектар картошка такроран кишт шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд нақшаи кишти такрорӣ ба андозаи 102%, вилояти Хатлон – 115% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 149% иҷро шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.