Президент ба парандапарварони Мӯъминобод ифтитоҳи ошхонаи хусусиро пешниҳод кард

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон аз корхонаи муштараки парандапарварии Тоҷикистону Эрон боздид намуда, ба парандапарварони ноҳия пешниҳод сохт, ки як ошхонаи хусусии тобеъи корхонаро дар маркази ноҳия боз намоянд. Вале дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» парандапарварон иқрор шуданд, ки мушкилоте мавҷуд аст, ки […]

Турко Дикаев

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон аз корхонаи муштараки парандапарварии Тоҷикистону Эрон боздид намуда, ба парандапарварони ноҳия пешниҳод сохт, ки як ошхонаи хусусии тобеъи корхонаро дар маркази ноҳия боз намоянд.

Вале дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» парандапарварон иқрор шуданд, ки мушкилоте мавҷуд аст, ки маъмурияти корхона имкони ҳалли онро надорад, зеро то ҳанӯз корхона бо маблағҳои масрафшудаи ҷонибиЭрон фаъолият дорад. «Ҳатто мусоидати нахуствазири ҷумҳурӣ кӯмак накард, зеро то ҳол бонкдорон ба мо қарз намедиҳанд», – гуфтанд онҳо.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои рушди корхонаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гўшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ғайр аз ин, мутобиқи супоришҳои сарвари давлат муддати ду соли наздик дар ноҳияи Мӯъминобод мушкилоти таъминот бо оби нӯшокӣ ҳал гардида, дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2012 тамоми пойгоҳҳои обкашӣ барқарор мегарданд ва дар муддати ду сол майдони кишти картшка ду баробар меафзояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш дод, ки аз фонди эҳтиётии худ барои аз таъмир баровардани беморхонаи касалиҳои сил, сохтмони 40 манзили зист барои табибони ноҳия ва таъмиру тармими роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.