Таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар Қарочӣ

Asia-Plus

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар толори меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Қарочии ин кишвар ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ барпо намуд. Дар маъракаи мазкур шумораи зиёди ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, намояндагони воситаҳои ахбори умуми Покистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Қарочӣ ширкат варзиданд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, толори баргузории ҷашн бо рамзҳои давлатии Тоҷикистону Покистон, як қатор аксҳое, ки бойигариҳои табиӣ, боғу киштзорҳои ҳосилхез, фаъолияти корхонаҳои азими саноатию истеҳсолӣ ва сохтмони иншоотҳои энергетикии кишвари моро таҷассум менамоянд, оро ёфта буд.

 Чорабиниро консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақа – Иршад Алӣ Қосим ифтитоҳ намуда, суханро ба Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дод. Сафир дар аввали баромади худ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, сипас дар бораи ба Истиқлолияти давлатӣ комёб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ моҳияту арзиши Истиқлолият барои мардуми тоҷик ва марҳилаҳои инкишоф ёфтану мустаҳкам гардидани низоми давлатдории Тоҷикистон қайд гардид. Таъкид карда шуд, ки дар 20 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди душворию монеаҳои зиёд ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. “Дар натиҷаи амалӣ шудани сиёсати созандаи Роҳбарияти Тоҷикистон, сулҳу суботи комил дар кишвар барқарор гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафтааст. Корхонаҳои азими истеҳсолӣ, иншоотҳои саноатию энергетикӣ ва коммуникатсионӣ бунёд гардидаанд. Мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ устувор гардида, муносибатҳои кишвари мо бо давлатҳои дигар инкишоф меёбанд”, – идома дод Сафир.

 Идомаи суханронии Сафир ҳолати ҳозираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар бар мегирифт. Таъкид гардид, ки дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар ҳамаи соҳаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои густурдаи мутақобилан судманд барпо гардидаанд, ки бо эҳтироми мутақобила, некхоҳӣ ва иқтидори бузургу дурнамо фарқ мекунанд. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки робитаҳои иқтисодии дуҷониба тавсеа дода шаванд ва лоиҳаҳои бузурги муштарак, аз ҷумла, барномаи CASA – 1000, корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ва ғайра амалӣ гарданд.

 Аз ҷониби покистон роҳбари Кумитаи рушди савдои Покистон ҷаноби Тариқ Пурӣ, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Покистон Усмон Шайх, Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Синд Маҷид Азиз ва дигар арбобони маъруфи Покистон баромад намуданд. Ҳамаи онҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла, бизнес форуми дар Душанбе моҳи июн баргузоргардида баҳои баланд доданд.

 Дар робита ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон меҳмонон табрикоти неки худро ба миллату ҳукумати тоҷик иброз доштанд.

 Дар охири чорабинии ҷашнӣ ба ҳозирин зиёфати расмӣ (Ифтор) дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.