Парлумон Қонун «Дар бораи афв»-ро 19-уми август баррасӣ мекунад

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — |Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони кишвар, ки рӯзи 19-уми август […]

Asia-Plus

Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — |Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони кишвар, ки рӯзи 19-уми август баргузор мешавад, тасдиқ шуд. Дар иҷлосияи мазкур иоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ мегардад. Таъкид шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат авф намудани маҳбусон ва дигар шахсони ҷиноят содирнамуда ва бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пеш аз ҳама он шахсонеро фаро мегирад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, Қонуни мазкур аз 29 модда иборат буда, дар он гурӯҳи шахсоне, ки нисбати онҳо авф татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи Қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноят содирнамуда мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба меъёрҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.