Чаро қурби сомонӣ поин меравад?

Date:


Рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон тамоили поинравии қурби сомонӣ ба мушоҳида мерасад.

Ба ҳисоби миёна қурби 1 доллари ИМА ба 4,8190-4,8340, рубли русӣ дар ҳудуди 0,1663-0,1683 ва Евро – 6,8650-6,8850 сомонӣ баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, болоравии қурби Евро ва рубли русӣ нисбат ба сомонӣ асосан аз ҳисоби таносуби қурби онҳо ба доллариИМА дар бозори ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.

«Қурби долл. ИМА бошад, бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ ва воридоти маҳсулот тағйир ёфт, ки хусусияти мавсимӣ дорад», – гуфтанд дар БМТ.

Рӯзи 18-уми август қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,8400-4,8600 сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ дар нимсолаи аввали соли равон қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 6,02% поин рафтааст.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Юсуфиён дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тағийроти мазкур асосан зери таъсири омилҳои берунӣ сурат гирифтаанд. «Тағйироти қурб ба афзоиши нархи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти нафтӣ, зироати ғалладона ва орд вобастаанд», – мегӯяд ӯ.

Юсуфиён таъкид кард, ки нимсолаи аввали соли равон ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, Бонки миллӣ ба бозор дар ҳаҷми 15,2 млн. доллари ИМА маблағ ворид кард.

«Тағйири қурби асъор ба омилҳои зиёде, аз ҷумла омилҳои дорои хусусияти макроиқтисодӣ вобаста буда, он натанҳо дар кишвари мо ба вуқӯъ мепайвандад, – иброз медорад ӯ. – Ҳатто чунин асъорҳои маъруфи ҷаҳонӣ чун еврову доллар ва фунт стерлинг фосилаи бузурги тағйироти қурбро доро мебошанд. Чунин вазъ набояд боиси нигаронии аҳолӣ ва субъектҳои иқтисод гардад. Мо инро бояд ҳамчун раванди маъмулии иқтсиод қабул намоем».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...