Чаро қурби сомонӣ поин меравад?

Рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон тамоили поинравии қурби сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Ба ҳисоби миёна қурби 1 доллари ИМА ба 4,8190-4,8340, рубли русӣ дар ҳудуди 0,1663-0,1683 ва Евро – 6,8650-6,8850 сомонӣ баробар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, болоравии қурби Евро ва рубли русӣ нисбат ба […]


Рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон тамоили поинравии қурби сомонӣ ба мушоҳида мерасад.

Ба ҳисоби миёна қурби 1 доллари ИМА ба 4,8190-4,8340, рубли русӣ дар ҳудуди 0,1663-0,1683 ва Евро – 6,8650-6,8850 сомонӣ баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, болоравии қурби Евро ва рубли русӣ нисбат ба сомонӣ асосан аз ҳисоби таносуби қурби онҳо ба доллариИМА дар бозори ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.

«Қурби долл. ИМА бошад, бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ ва воридоти маҳсулот тағйир ёфт, ки хусусияти мавсимӣ дорад», – гуфтанд дар БМТ.

Рӯзи 18-уми август қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,8400-4,8600 сомониро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ дар нимсолаи аввали соли равон қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 6,02% поин рафтааст.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Юсуфиён дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тағийроти мазкур асосан зери таъсири омилҳои берунӣ сурат гирифтаанд. «Тағйироти қурб ба афзоиши нархи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти нафтӣ, зироати ғалладона ва орд вобастаанд», – мегӯяд ӯ.

Юсуфиён таъкид кард, ки нимсолаи аввали соли равон ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, Бонки миллӣ ба бозор дар ҳаҷми 15,2 млн. доллари ИМА маблағ ворид кард.

«Тағйири қурби асъор ба омилҳои зиёде, аз ҷумла омилҳои дорои хусусияти макроиқтисодӣ вобаста буда, он натанҳо дар кишвари мо ба вуқӯъ мепайвандад, – иброз медорад ӯ. – Ҳатто чунин асъорҳои маъруфи ҷаҳонӣ чун еврову доллар ва фунт стерлинг фосилаи бузурги тағйироти қурбро доро мебошанд. Чунин вазъ набояд боиси нигаронии аҳолӣ ва субъектҳои иқтисод гардад. Мо инро бояд ҳамчун раванди маъмулии иқтсиод қабул намоем».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.