Дар Берлин бо имконоти рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд

Asia-Plus

21 августи соли 2011 дар ш. Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Рӯзи дарҳои кушодаи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ин кишвар иштирок намуд. Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чорабинӣ бо иштироки Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Дирк Нибел, Котиби давлатии ин вазорат Ханс-Юрген Беерфелс, […]


21 августи соли 2011 дар ш. Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Рӯзи дарҳои кушодаи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ин кишвар иштирок намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чорабинӣ бо иштироки Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Дирк Нибел, Котиби давлатии ин вазорат Ханс-Юрген Беерфелс, роҳбарони корпуси дипломатӣ, ки дар Берлин сабти ном шудаанд, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳошияи дастгирии молиявӣ ва техникии ҳукумати Олмон дар соҳаи рушд фаъолият доранд, баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ Сафорат гӯшаи «20 соли рушди мустақил ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон»-ро бо намоиши филмҳо ба забони олмониву англисӣ, ки дар бораи табиати аҷоиб, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик, иқтидори бузурги сайёҳии ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин роҷеъ ба марҳилаҳои асосии тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар маълумот медиҳанд, ташкил кард. Аз гӯшаи бахшида ба таърихи рушди мустақили кишвари мо шахсан Котиби давлатии Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Ханс-Юрген Беерфелс дидан намуд.

 Иштироки Тоҷикистон дар чорабинии Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон имкон дод, то ҷомеаи аврупоӣ бо дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ва дурнамои рушди он ҳамаҷониба шинос шавад.

Сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон бо офаридаҳои як қатор рассомон ва аксбардорони муосири Тоҷикистон, ки фарҳанг ва хусусияти миллати тоҷикро тасвир мекунанд, низ ошно шуданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.