Боздиди нахуствазир аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»

Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз майдон сохтмони ин иншоот боздид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар майдони сохтмон Оқилов бо ҳайати шахсии муҳандисиву техникии иншоот ва коргарон мулоқот ороста, бо шароити кор ва […]


Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз майдон сохтмони ин иншоот боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар майдони сохтмон Оқилов бо ҳайати шахсии муҳандисиву техникии иншоот ва коргарон мулоқот ороста, бо шароити кор ва будубоши онҳо аз наздик ошно гардид.

Қобили зикр аст, ки маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда-2» рӯзи 4-уми сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин маросим сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат хоҳанд варзид.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.