Кормандони сохтори қудратӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаштанд

Аваз Юлдошев

Шурӯъ аз имрӯз то 10-уми сентябри соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи ин муддат дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили Иди Рамазон (31-уми август), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои […]


Шурӯъ аз имрӯз то 10-уми сентябри соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи ин муддат дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили Иди Рамазон (31-уми август), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2-юми сентябр), вохӯрии ба истилоҳ «чаҳоргонаи Душанбе» – сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон, нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ (2-3-юми сентябр) ва ҳамчунин сафари кории президенти Эрон ба Тоҷикистон баргузор мегардад ва ин чора бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон пеш гирифта шудааст.

«Ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба таъмини амният дар ҷойхои ҷамъиятӣ назорат хоҳанд бурд, бо нерӯҳои иловагиву техника пурзӯр карда хоҳад шуд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар тамоми манотиқи кишвар ва марзи давлатӣ низ чорахои иловагии таъмини амният андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.