Мӯҳлати ба истифода додани нақби «Шаҳристон» якуним сол мавқуф гузошта шуд

Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон ба муддати якуним сол – аз моҳи сентябри соли равон ба моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ Рустам Абдуллоев хабар дод, мӯҳлати ба истифода додани нақб бо дархости паймонкори генералӣ ширкати «China […]


Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон ба муддати якуним сол – аз моҳи сентябри соли равон ба моҳи декабри соли 2012 мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ Рустам Абдуллоев хабар дод, мӯҳлати ба истифода додани нақб бо дархости паймонкори генералӣ ширкати «China Road»-и Чин ва маркази зикршуда дароз карда шудааст. «Сабаби муроҷиат барои дароз кардани мӯҳлат ба ҳукумат дар он ифода меёбад, ки сохтмончиён ба ҷинсҳои мулоими кӯҳии маҳаллӣ дар дохили нақб дучор омаданд, ки ин ба иҷрои корҳо мушкилоти зиёд эҷод кард», – гуфт Р. Абдуллоев.

Номбурда таъкид кард, ки айни замон дар ҳудуди 4 ҳазору 900 метри нақби асосӣ ва нақби ҳавософкун корҳои насбу сохтмон ба анҷом расонида шуда, дар масофаи 4 ҳазору 447 метр корҳои бетонрезиву сохторӣ ба иҷро расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки нахуст мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» ахири соли 2010 ба нақша гирифта шуда буд, вале бо дархости паймонкори генералӣ он ба моҳи сентябри соли 2011 мавқуф гузошта шуд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад.

Сохтмони нақби мазкур расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Мутобиқи лоиҳа, арзиши мумии лоиҳаи сохтмони нақб 175 млн сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.