Суғд: Оғози корҳои иктишофӣ дар кони нави нафт

Дар майдони нафтугаздори «Супетови Шарқӣ»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд корҳои иктишофӣ оғоз гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Содиқ Рустамов хабар дод, корҳои иктишофӣ аз ҷониби ширкати «Сомон Ойл» дар ҳамроҳӣ бо ҶС «Суғд Гео» анчом дода мешаванд. Айни замон дар ин ҷо ҳудуди 150 нафар муҳандисону техникҳо […]


Дар майдони нафтугаздори «Супетови Шарқӣ»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд корҳои иктишофӣ оғоз гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Содиқ Рустамов хабар дод, корҳои иктишофӣ аз ҷониби ширкати «Сомон Ойл» дар ҳамроҳӣ бо ҶС «Суғд Гео» анчом дода мешаванд. Айни замон дар ин ҷо ҳудуди 150 нафар муҳандисону техникҳо ва коргарон машғули фаъолиятанд. Ҳангоми иҷрои корҳои иктишофӣ пармакунии санҷишии чоҳ анҷом дода мешавад.

Рустамов мегӯяд, қаблан дар ин минтақа ҳеҷ гоҳ канданиҳои фоиданок ва маводи сӯзишворӣ истихроҷ нагардида буданд. Роҷеъ ба мӯҳлати анҷоми корҳои иктишофӣ ва захираҳои тахминии ашёи хоми кон маълумот дода намешавад.

Аммо дар сомонаи СҲШ гуфта мешавад, барои амалисозии лоиҳаи азхудкунии майдони Супетови Шарқӣ дар ноҳияи Ашт бо захираи 20,5 млн. тонна нафт ва 14,3 млрд. метри мукааб гази табиӣ дар ҳаҷми умумии 56 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ зарур аст.

Ба қавли Рустамов, айни замон дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд нафту газ истихроҷ мешавад. Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар ин ноҳияҳо 8600 тонна нафт ва 4,3 млн. метри мукааб газ истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нафт ба андозаи 2,3 дарсад камтар ва гази табиӣ 2,5 баробар бештар истеҳсол гардидааст. Аз 8600 тонна нафти истихроҷгардида 4300 тонна мазут, 1300 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 247 тонна бензин истеҳсол карда шудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.