Прокуратураи генералӣ: Фаъолияти «Мовароуннаҳр» қатъ нагардида буд

Дар изҳороти чанде қабл интишоргардидаи Прокуратураи генералӣ гуфта мешавад, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶДММ “Мовароуннаҳр” Ҷ.Охоновро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4, банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айбдор дониста, нисбат ба ӯ чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан интихоб кардааст. Айни ҳол баррасии парвандаи мазкур дар Суди Олии Ҷумҳурии […]


Дар изҳороти чанде қабл интишоргардидаи Прокуратураи генералӣ гуфта мешавад, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶДММ “Мовароуннаҳр” Ҷ.Охоновро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4, банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айбдор дониста, нисбат ба ӯ чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан интихоб кардааст. Айни ҳол баррасии парвандаи мазкур дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

«Бо назардошти вақтҳои охир дар рӯзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намудани фаъолияти ҶДММ “Мовароуннаҳр”, ба диққати кормандон ва мизоҷони ин ҷамъият расонида мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ, прокуратура ва судӣ фаъолияти онро қатъ ва ё манъ накардааст», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҳолати доштани имконият ҶДММ “Мовароуннаҳр” метавонад фаъолияти худро идома диҳад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҷамъияти мазкур маблағи 13 417 821  сомонӣ ё 3 542 371 доллари ИМА-ро бояд ба 122 нафар саҳмгузор баргардонад, ки аз гирифтани манзили истиқоматӣ аз ҶДММ “Мовароуннаҳр” ноумед гашта, тайи чанд соли охир бозпас гардонидани маблағи худро аз ин корхона талаб доранд. Инчунин, 182 нафар саҳмгузоре, ки бо онҳо беасос шартнома баста шудаасту маблағи ба хазинаи ин ҷамъият супурдаашон 15 395 018 сомонӣ ё 4 021 895 доллари ИМА-ро ташкил додааст, бояд бо манзили истиқоматӣ таъмин гарданд. Ғайр аз ин, ҶДММ “Мовароуннаҳр” маблағи зиёда аз 12 947 000 сомонӣ қарзи аз муассисаҳои бонкӣ гирифтаашро бояд барқарор намояд ва маблағи зиёда аз 11 039 121 сомониро, ки ҷамъияти мазкур аз дигар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ то имрӯз қарздор аст, баргардонад. Зиёда аз 947 000 сомонӣ музди меҳнати кормандони ҷамъият, ки то дастгир намудани директори генералии он Ҷ.Охонов ба кормандон дода нашудааст, бояд пардохт карда шавад.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Баътар ба ин боз як моддаи дигар – «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» зам гардид.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.