Пирӯзии нахустини дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж ду варзишгари тоҷик ба оғози қувваозмоиҳо дар вазни то 81 кг шурӯъ карданд. Дзюдочии ҷавони тоҷик Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоии шадид бар варзишгари Шветсия Робен Пакер дастболо гардида, пирӯзии нахустини дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқотро таъмин намуд. Дар даври дуюм Ф. Раҳимов бо варзишгари Гаити […]


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж ду варзишгари тоҷик ба оғози қувваозмоиҳо дар вазни то 81 кг шурӯъ карданд.

Дзюдочии ҷавони тоҷик Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоии шадид бар варзишгари Шветсия Робен Пакер дастболо гардида, пирӯзии нахустини дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқотро таъмин намуд. Дар даври дуюм Ф. Раҳимов бо варзишгари Гаити Д. Ричардсон вомехӯрад. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин вазн Шералӣ Бозоров аз даври дуюм ба қувваозмоӣ шурӯъ карда, бо варзишгари Аргентина Эммонуел Лукнети қувва меозмояд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқот ду намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг) ва дзюдочии маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин Расул Боқиев (вазни то 73 кило) дар вохӯриҳои нахуст шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардиданд.

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.

Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.