Сарони кишварҳои Украинаву Белорус ба нишасти Душанбе меоянд

То имрӯз ҳашт нафар сарварони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки худ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанберо тасдиқ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, иштироки сарони кишварҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Белорус ва Туркманистон аз ҷониби сохторҳои дахлдори ин давлатҳо тасдиқ гардидааст. […]


То имрӯз ҳашт нафар сарварони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки худ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанберо тасдиқ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, иштироки сарони кишварҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Белорус ва Туркманистон аз ҷониби сохторҳои дахлдори ин давлатҳо тасдиқ гардидааст.

Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон аз ширкат дар нишасти Душанбе худдорӣ варзиданд. Дар нишасти мазкур онҳоро нахуствазирони ин кишварҳо – мутаносибан Шавкат Мирзиёев ва Артур Росизода намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст.

Дар нишасти мазкур раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Тоҷикистон ба Туркманистон месупорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.