Шикасти Фарҳод Раҳимов пас аз се ғалаба

Ҳайдар Шодиев

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж варзишгари тоҷик Фарҳод Раҳимов (вазни то 81 кг) пас аз се ғалаба бар дзюдочиёни Шветсия, Гаити ва Қирғизистон, дар қувваозмоӣ бо варзишгари Черногория ба нокомӣ дучор шуд. Дар ин вазн боз як намояндаи Тоҷикистон Шералӣ Бозоров қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, аз дзюдочии аргентинагӣ […]


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж варзишгари тоҷик Фарҳод Раҳимов (вазни то 81 кг) пас аз се ғалаба бар дзюдочиёни Шветсия, Гаити ва Қирғизистон, дар қувваозмоӣ бо варзишгари Черногория ба нокомӣ дучор шуд.

Дар ин вазн боз як намояндаи Тоҷикистон Шералӣ Бозоров қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, аз дзюдочии аргентинагӣ шикаст хӯрд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқот ду намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг) ва дзюдочии маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин Расул Боқиев (вазни то 73 кило) дар вохӯриҳои нахуст шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардиданд.

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.

Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.