Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати Шӯрои Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байнулмилалӣ таҳти сарварии Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Антон Караҷа барои ташкили сафари ҳайати Шӯрои Аврупо изҳори миннатдорӣ намуда, сазовор донистани президенти Тоҷикистон ба унвони «Пешвои асри XXI»-ро муҳим арзёбӣ кард. […]


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байнулмилалӣ таҳти сарварии Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Антон Караҷа барои ташкили сафари ҳайати Шӯрои Аврупо изҳори миннатдорӣ намуда, сазовор донистани президенти Тоҷикистон ба унвони «Пешвои асри XXI»-ро муҳим арзёбӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили рушди муносиботи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Шӯрои Аврупо табодули афкор намуда, ҳамчунин ба густариши муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Руминия низ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.

«Намояндаи ҳайати Шӯрои Аврупо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро аз таҷрибаи андӯхтаи Руминия дар рушди бахши гидроэнергетика огоҳ сохта, роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи муассир дар ин самтро пешниҳод намуд», – афзуданд дар департаменти иттилооти ВКХ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.