Тақдими нишони унвони «Пешвои асри XXI» ба Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 тақдим карда шуд. Тавре аз хадамоти матуоти сарвари давлат хабар доданд,маросими эълони сарфарозгардии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 дар қасри миллат баргузор гардид. […]

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 тақдим карда шуд.

Тавре аз хадамоти матуоти сарвари давлат хабар доданд,маросими эълони сарфарозгардии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 дар қасри миллат баргузор гардид.

Санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа тақдим карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин сарфарозиро нишонаи қадрдонии баланди ҷомеаи Аврупо аз заҳматҳои шаборўзии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони олии ҷомеаи Аврупо чанд рўз пеш аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест қабул шуда буд. Ин қарор бо иштироки аъзои корпуси академикӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор  пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо   ба тасвиб расидааст.

Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз рўи эътибораш дувумин Институти ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони олии ҷомеаи Аврупо барои таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, таъмини идоракунии шаффоф,  дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, бароҳандозии барномаҳои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар сазовор дониста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.