Оғози вохӯриҳои вакилони парлумон бо интихобкунандагон

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз имрӯз то санаи 7-уми сентябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар тамоми манотиқи кишвар бо интихобкунандагон як силсила мулоқотҳо баргузор менамоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯриҳо намояндагони мардумӣ фикру мулоҳизоти аҳолиро, ки ба масоили гуногуни рушди иқтисод, […]

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз имрӯз то санаи 7-уми сентябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар тамоми манотиқи кишвар бо интихобкунандагон як силсила мулоқотҳо баргузор менамоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯриҳо намояндагони мардумӣ фикру мулоҳизоти аҳолиро, ки ба масоили гуногуни рушди иқтисод, ҳалли мушкилоти бекорӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дахл доранд, мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

«Зимни мулоқот бо интихобкунандагон вакилони парлумон ҳамчунин ба масъалаҳои таҳкими амнияти ҷумҳурӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳанд сохт», – зикр кард М. Султонов.

Ба гуфтаи номбурда, дар вохӯриҳо интихобкунандагон метавонанд перомуни мавзӯъҳои барояшон муҳим ба вакили худ суол диҳанд ё пешниҳоде дар ин маврид ироа созанд, ки  он ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.