Мулоқоти сарвари давлат бо президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Баъди маросими супурдани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону […]

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Баъди маросими супурдани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Антон Караҷа бо ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни башарӣ изҳор дошт, ки миёни сохторҳо ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд робитаҳои мунтазами судбахш ба роҳ монда шаванд.

Ҳайати бонуфузи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла дар ҷашни байналмилалии Наврўз – 2012 дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.