Ба сарбози дар Тавилдара маҷрӯҳшудаи суғдӣ манзили зист ҷудо карданд

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» – Ба сарбози ба хизмати ҳарбӣ аз вилояти Суғд даъватшуда, ки ҳангоми адои хизмат ҷароҳат бардошт, манзили зисти дуҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» коршинос оид ба ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбии Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» Дилрабо Самадова хабар дод, зодаи ноҳияи Конибодом Комил Додоҷонов аз моҳи апрели соли 1996 дар […]

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» – Ба сарбози ба хизмати ҳарбӣ аз вилояти Суғд даъватшуда, ки ҳангоми адои хизмат ҷароҳат бардошт, манзили зисти дуҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» коршинос оид ба ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбии Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» Дилрабо Самадова хабар дод, зодаи ноҳияи Конибодом Комил Додоҷонов аз моҳи апрели соли 1996 дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард. Моҳи июли ҳамон сол ӯ ба ноҳияи Тавилдара – макони даргириҳо фиристода шуд.

Моҳи декабри соли 1996 К. Додоҷонов маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа маъюби дараҷаи II гардид. Моҳи июли соли 1997 бинобар маъюбӣ ӯ пеш аз мӯҳлат аз идомаи хизмати ҳарбӣ озод карда шуд.

«Соли равон пас аз 15 соли ҷароҳат бардоштан ӯ ба иттиҳодияи мо барои машварат муроҷиат намуда, мехост бифаҳмад, ки оё ӯ ба гирифтани кӯмаки якдафъаина ва беҳтар кардани шароити манзили зист ҳамчун низомии маҷрӯҳшуда ҳуқуқ дорад ё на», – мегӯяд Самадова.

Бо такя ба моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ», ки ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро кафолат медиҳад, ӯ ба раиси шаҳри Конибодом дар ин хусус ариза пешниҳод намуд. Пас аз баррасии аризаи ӯ мақомоти шаҳрдории Конибодом ба ӯ манзили зисти дуҳуҷрагӣ ҷудо кард.

«Айни замон масъалаи аз ҷониби Вазорати мудофиа ба К. Додоҷонов пардохт намудани кӯмакпулии якдафъаина ҳаллу фасл мегардад», – гуфт ӯ.

Самадова мегӯяд дар таҷрибаи ҳуқуқшиносони вилояти Суғд ин ҳодиса бесобиқа аст, зеро аксари мардум аз ҳуқуқҳои худ огаҳӣ надоранд ва ҳатто оилаҳое, ки саробонашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд, маъмулан аз ҳуқуқҳои худ ба таъмин бо манзили зист ё кӯмакпулӣ истифода намекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.