Дар Тоҷикистон 250 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд

Аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки беш аз 64%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон аввали моҳи сентябр шурӯъ гардида, феълан дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор мекунанд, ки соли гузашта дар ҳамин давра ҳудуди 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Дар вазорати […]

Пайрав Чоршанбиев


Аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки беш аз 64%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон аввали моҳи сентябр шурӯъ гардида, феълан дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор мекунанд, ки соли гузашта дар ҳамин давра ҳудуди 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Дар вазорати инро ба он марбут медонанд, ки соли гузашта бинобар обуҳавои номусоиди баҳорӣ ҷамъоварии ҳосил дертар шурӯъ гардида буд.

Айни замон ҳамарӯза ба хирмани пахтаи кишвар ба ҳисоби миёна 11,5 ҳазор тонна ҳосили пахта супорида мешавад, ки 3% аз нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз 180 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки қариб 70%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ ба андозаи 16,5 ҳазор тонна ё худ ҳудуди 68%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар вилояти Суғд наздик ба 54 ҳазор тонна ё худ ба 51%-и дурнамо ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Соли равон дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба нақша 3 ҳазор тонна (303 ҳазор тонна) барзиёд ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид. Соли равон дар майдони ҳудуди 205 ҳазор гектар пунбадона кишт гардид. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме бештар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.